Ибтилои 42 тоҷикистонии дигар ба Ковид -19
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i58541-Ибтилои_42_тоҷикистонии_дигар_ба_Ковид_19
Шумори мубталоёни коронавируси нави Ковид -19 дар Тоҷикистон ба 10 ҳазору 695 нафар расид.
(last modified 2025-09-23T13:17:57+00:00 )
Октябр 23, 2020 22:30 Asia/Dushanbe
  • Шумори ҷонбохтагони коронавирус дар Тоҷикистон ба 81 тан расид
    Шумори ҷонбохтагони коронавирус дар Тоҷикистон ба 81 тан расид

Шумори мубталоёни коронавируси нави Ковид -19 дар Тоҷикистон ба 10 ҳазору 695 нафар расид.

Ба гузориши Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, шумори беморони Ковид -19 дар ин кишвар то соати 19 рӯзи ҷумъаи 23 октябр бо шиносоии 42 мавриди ҷадид ба 10 ҳазору 695 нафар расид.

Шумори ҷонбохтагони Ковид -19 дар Тоҷикистон низ бо як маврид афзоиш ба 81 нафар расидааст.

Ҳамчунин аз 10 ҳазору 695 бемори Ковид -19 дар Тоҷикистон то кунун 9 ҳазору 782 нафар беҳбуд ёфтаанд.

Дар шабонарӯзи ахир 58 бемор ҳам аз бемористонҳо мурраххас шудаанд.