Октябр 24, 2020 10:19 Asia/Dushanbe
  • Туркманистон қаблан сохти 35 километр аз роҳи оҳанро дар қаламрави Афғонистон такмил кард
    Туркманистон қаблан сохти 35 километр аз роҳи оҳанро дар қаламрави Афғонистон такмил кард

Коршиноси масоили минтақа муътақид аст, ки танҳо Чин метавонад барои идомаи сохти роҳи оҳани Туркманистон, Афғонистон ва Тоҷикистон эътибороти мавриди ниёзро ихтисос диҳад.

Ба гузориши сомонаи Тоҷвик, Рустами Суҳроб, устоди донишгоҳи давлатии Урали Русия гуфтааст, ки ниҳодҳои минтақаӣ аз ҷумла Бонки Осиё ва Бонки тавсеаи исломӣ ба далели идомаи ноамнӣ дар Афғонистон ва авзои номусоиди молии Тоҷикистон аз ихтисоси эътибор барои сохти ин роҳ худдорӣ кардаанд.

Вай афзуд, бо фурӯкаш кардани буҳрони ношӣ аз густариши вируси куруно фақат кишвари Чин аз тавони таъмини манобеи молӣ барои идомаи сохти ин роҳ дар қаламрави Афғонистон ва  Тоҷикистон бархӯрдор хоҳад буд.

Туркманистон қаблан сохти 35 километр аз ин роҳро дар қаламрави Афғонистон такмил кард ва идомаи ин масир ба далели таъмин нашудани манобе аз сӯи Тоҷикистон ба таъвиқ афтод.

Туркманистон роҳи оҳани минтақаии Афғонистон то марзи Тоҷикистонро хоҳад сохт

Ҳамчунин дар солҳои ахир миёни Туркманистон ва Тоҷикистон бар сари нуқтаи иттисолии ин роҳи оҳан ихтилофи назарҳо ташдид шудааст.

Мақомоти Душанбе муътақид буданд, нуқтаи иттисоли роҳи оҳани Туркманистон -Афғонистон ба ин кишвар бояд шаҳристони марзии Шаҳритус бошад, ки масири ин кӯтоҳтар ва камҳазинатар аст.

Ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон дар сурати пазириши тарҳи ин кишвар, тули бахши Афғонистонии ин роҳи оҳани 300 километрӣ кутоҳтар мешуд. Вале мақомоти Туркманистон бар таъйини бандари Шерхон дар устони Қундӯзи Афғонистон ва вилояти Хатлон дар Тоҷикистон ба унвони нуқтаи иттисолии роҳи оҳан дар марзи ду кишвар пофишорӣ мекарданд, ки тоҷикҳо саранҷом ин пешниҳодро пазируфтанд.

Тарҳи ин роҳи оҳани минтақаӣ дар дидори раисони ҷумҳурии Афғонистон, Тоҷикистон ва Туркманистон дар моҳи марти соли 2013 дар Ашқобод имзо шудааст.

 

БЕШТАР БИХОНЕД:

Туркманистон сохти роҳи оҳан аз Афғонистон то марзи Тоҷикистонро идома медиҳад

Баррасии тарҳи роҳи оҳани Тоҷикистон – Туркманистон дар Ашқобод

Таъхир дар сохти роҳи оҳани минтақаӣ аз сӯйи Тоҷикистон ба далоили амниятӣ​​​​​​​

 

 

 

 

Барчасп