Зарурати рушди бахши кишоварзии Тоҷикистон дар шароити коронаӣ
Коршиносони иқтисодӣ мӯътақиданд, ки Тоҷикистон барои таъмини амнияти ғизоии мардуми хеш дар шароити коронаӣ бояд ба рушди бахши кишоварзӣ таваҷҷӯҳи вижа кунанд.
Ба гузориши радиоии тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Топ Ти Ҷи, Ян Питер Алтерс (Jan-Peter Olters) намояндаи бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон ахиран дар нишасти Шӯрои мушовираии беҳбуди фазои сармоягузорӣ дар ин кишвар таъкид кард: "Барои таъмини амнияти ғизоии мардум бояд ислоҳот дар низоми молиёт, кӯмак ба бахши хусусӣ ва бардоштани мавозеи мухталифи фаолияти кишоварзон дар дастури кори ҳукумати Тоҷикистон қарор гирад."
Ба асоси ин гузориш, ҳарчанд, ки ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд мизони таваррумро то поёни соли 2020 дар ҳадди ҳафт дар сад ҳифз хоҳад кард Бонки Ҷаҳонӣ муддаӣ аст, ки ин шохис ба даҳ дар сад хоҳад расид.
-
Кумаки 15 миллион долларии Бонки Ҷаҳонӣ ба бахши кишоварзии Тоҷикистон
- Набудани мудирияти илмӣ мушкили бахши кишоварзии Тоҷикистон
-
Фаъолияти 60 дарсади занони шоғил дар Тоҷикистон дар бахши кишоварзӣ
- Тоҷикистон ва Ӯзбакистон: Сабти болотарин нархи таваррум дар ИДМ
Намояндаи порлумон ва раиси ҳизби кишоварзии Тоҷикистон Рустам Латифзода вуҷуди молиёти вазнинро монеи рушди фаолиятҳои кишоварзон медонад ва мегӯяд: "Мо дар тарҳи қонуни ҷадиди молиёти Тоҷикистон пешниҳоди коҳиши мизони молиёти дарёфтӣ аз бахши кишоварзиро ироа кардем ва намедонем пазируфта хоҳад шуд ё на"
Ҳамчунин Пайрав Чоршанбеев таҳлилгарӣ иқтисодӣ дар Тоҷикистон мегӯяд, ки се баробар бештар будани воридот нисбат ба содирот дар ин кишвар камбудӣ солона 3 миллиард доллар барои таъмини маводи ғизоӣ мушкили ҷиддиӣ барои ин кишвар маҳсуб мешавад.
Бештар бихонед: