Сафарбарии беш аз 7 ҳазор низомӣ барои амнияти маросими савганди Байден
Январ 17, 2021 18:57 Asia/Dushanbe
-
Қарор аст 25 ҳазор нерӯи низомӣ дар маросими савганди Байден ҳузур дошта бошанд
Беш аз 7 ҳазор нерӯи амрикоӣ ба манзури таъмини амнияти маросими савганди Ҷо Байден ба пойтахти ин кишвар сафарбар шуданд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Алҷазира , Горди миллии Амрико дар баёнияе эълом кард : Ин нерӯҳо бо 134 ҳавопаймои низомӣ аз 12 то 15 январ барои таъмини амнияти маросими савганди Ҷо Байден ба пойтахти Амрико мунтақил шуданд.
Қарор аст 25 ҳазор нерӯи полис ва артиш дар ин маросим ҳузур дошта бошанд ва як пули ҳавоӣ барои интиқоли низомиёну такмили истиқрори ин нерӯҳо ташкил шуда аст.
Пас аз юриши ҳаводорони Трамп ба Конгресси Амрико , тадбирҳои амниятии шадиде дар Вашингтон барои маросими савганди Байден дар назар гирифта шуда аст.
Бештар бихонед:
- Трамп : Дар маросими савганди Байден ширкат намекунам
- Трамп рӯзи чаҳоршанбе Кохи Сафедро тарк мекунад
- Байден: Доналд Трамп омили шӯриши мусаллаҳона дар Конгресси Амрико буд
Барчасп