Октябр 25, 2020 20:55 Asia/Dushanbe
  • Тирандозӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
    Тирандозӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Рӯзи 25 октябр дар марзи муштараки Тоҷикистон ва Қирғизистон тирандозӣ рух додааст, ки сокинони рустои Хоҷа Алии ноҳияи Исфара марзбонони қирғизро омили ин ҳодиса медонанд ва тарафи дигар, тоҷикҳоро ба лӯоакашӣ дар минтақаи ҳанӯз аломатгузорӣ нашудаи марз муттаҳам кардаанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Эки пресс, сокинони рустои Хоҷа Алӣ муддаиянд, ки онон ба таъвизи лӯлаи қадимии об дар дохили ин русто машғул будаанд, ки марзбонони қирғиз ба баҳонаи кор дар минтақаи ҳанӯз аломатгузорӣ нашуда марз иқдом ба тирандозӣ кардаанд.

Гуфта мешавад ки дар ин ҳодиса ба касе осеб нарасидааства акнун мақомоти интизомии Тоҷикистон ва Қирғизистон саргарми баррасии ин моҷаро мебошанд. Дар пайи ду даври музокироти мақомоти ду кишвар барои ҳалли баҳсҳои марзӣ аз 970 км марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон танҳо 520 км аломатгузорӣ шудааст.

Ихтилофназаи мақомоти Тоҷикистон ва Қирғизистон бар сари бархе аз манотиқи марзӣ дар вилоятҳои Суғд ва Ботканд, аз ҷумла мушкилоти тарафҳо барои дастёбӣ ба тавофуқи ҷомеъ дар ин замина аст.


 Бештар бихонед :

Барчасп