Октябр 25, 2020 22:35 Asia/Dushanbe
  • Дар Тоҷикистон барномаи якмоҳаи \
    Дар Тоҷикистон барномаи якмоҳаи \"Рушди Иқлими Сабз\" оғоз ёфт.

Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон бо ҳамкории "Ҷомеаи ҳамкории байналмилалии Олмон" барномаеро таҳти унвони иқдоми якмоҳа барои "Тавсиаи иқлими сабз"-ро оғоз карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ин барнома ба унвони бахше аз мушорикат барои тақвияти иқдомоти тағйири иқлим ва ҳифзи танаввуъи зистии мутобиқ бо таъаҳҳудоти Тоҷикистон дар чорчӯби тавофуқномаи байналмилалии « Париж» дар заминаи тағйири иқлим ва конвенсияи танаввуи биологӣ аст.

Барномаи иқдоми як моҳа барои тавсеаи сабзи иқлим дар тайфи васеи аз фаъолиятҳои онлайни илҳомбахш монанди чолишҳои тағйири обу ҳаво, мусобиқоти ҳунарӣ, озмун  бахшҳои донишҷӯӣ, сохти подкаст ва суханронӣ бо коршиносон оғоз ва 21 ноябр бо баргузории мизи мудаввар бо ширкати намояндагони созмонҳои давлатӣ, ҷомеаи маданӣ ва ҷомеаи байналмилалӣ ба поён мерасад.

Ин барнома мубтанӣ бар беҳбуди дарк ва тавваҷӯҳ ба мушкилоти муҳити зист ва тағйири обу ҳаво дар саросари ҷаҳон ва мутамарказ бар афзоиши огоҳӣ ва омӯзиш аз тариқи рӯйдодҳои онлайн дар саросари Тоҷикистону фаротар аз он аст .\

Дар чорчӯби ин рӯйдодҳо равишҳои тақвияти зистмуҳитӣ ва иқлим дар дастури кори миллии ин кишвар, мавриди баҳсу баррасӣ қарор мегиранд.

Бояд гуфт ,ки тағйири иқлим асароти тахриби муҳити зистро ташдид мекунад ва бисёрӣ аз бахшҳои иқтисодро таҳти таъсир қарор медиҳад . Бинобарин бояд дар фарояндҳои барномарезӣ дар кишвар дар бахшҳои мухталиф монанди беҳдошт, омӯзиш, кишоварзӣ ва муҳоҷират мавриди тавваҷҷӯҳ қарор гирад.

Ҳадаф аз баргузории ин барнома ҳамчунин афзоиши огоҳӣ аз моҳияти мақтаъии тағйири иқлӣм ва ҷалби мардум ба тағйири рафтор ва илҳоми бахшӣдан ба онҳо барои мубориза бо тағйири иқлим аст.

Иқдомоти лозим ва ба мавқеъ, ҳамроҳ бо иқдомоти лозим барои коҳиши паёмадҳои бӯҳрони феълии амнияти зистмуҳитӣ ва ояндаи пойдори мардуми Тоҷикистонро тазмин мекунад .

Барчасп