Қарзи Барқи Тоҷик ба неругоҳи Сангтӯда-1 ҳамчунон меафзояд
(last modified Mon, 26 Oct 2020 10:04:26 GMT )
Октябр 26, 2020 15:04 Asia/Dushanbe
  • Қарзи ширкати давлатии Барқи Тоҷик ба неругоҳи Сангтӯда-1 дар ҳоли афзоиш аст
    Қарзи ширкати давлатии Барқи Тоҷик ба неругоҳи Сангтӯда-1 дар ҳоли афзоиш аст

Мудирияти неругоҳи барқи обии Сангтӯда-1 аз афзоиши наздик ба 288 миллион сомонии қарзи ширкати давлатии Барқи Тоҷик ба ин неругоҳ дар 9 моҳи имсол хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садоии Хуросон ба нақл аз сомонаи Аавеста, акнун маҷмӯи қарзи ширкати Барқи тоҷик ба неругоҳи барқи обии Сангтӯда-1 ба як миллиарду 59 миллион сомонӣ (беш аз 100 миллион доллар) расидааст.

Бар асоси ин гузориш, мудирияти неругоҳи Сангтӯда-1 ба далели нотавонии ширкати давлатии Барқи Тоҷик дар пардохти қарзи хеш, тавлиди барқи худро аз январ то сентябри 2020 ба мизони 76 миллион киловат соъат коҳиш додааст, ки дар натиҷа, акнун дар бархе манотиқи Тоҷикистони маҳдудияти интиқоли барқ мушоҳида мешавад.

Неругоҳи барқи обии Сангтӯда-1, ки тарҳи муштараки Русия ва Тоҷикистон аст дар соли 2009 ба баҳрабардорӣ расид ва 11 дарсад аз кулли барқи тавлидшуда дар неругоҳҳои барқи обии Тоҷикистонро ба худ ихтисос додааст.

Русия 75 дарсад ва Тоҷикистон 25 дарсад аз саҳоми молии неругоҳи барқи обии "Сангтӯда-1"-ро дар ихтиёр доранд.

Бештар бихонед: