Сандуқи тавсеаи Арабистон қарзи 100 миллиондолларӣ барои сохти неругоҳи обӣ-барқии «Роғун » ироа мекунад.
(last modified 2023-11-03T13:21:32+00:00 )
Ноябр 03, 2023 18:21 Asia/Dushanbe
  • Сандуқи тавсеаи Арабистон қарзи 100 миллиондолларӣ барои сохти неругоҳи обӣ-барқии «Роғун » ироа мекунад.

Ба навиштаи Спутник, Валид ибни Абдурраҳмон ал-Рашидон сафири Арабистон дар Тоҷикистон гуфт: Сандуқи тавсеаи Арабистони саудӣ аз замони ҳузури худ дар Тоҷикистон, ниме аз сармоягузории худро сарфи сохти неругоҳи обӣ-барқии «Роғун» кардааст.

Ин дипломат таъкид кард: Неругоҳи обии "Роғун" бо истифодаи муассир аз манобеъи табиӣ аз ҷумла энергияи сабз саҳми басазое дар тавсеаи пойдори Тоҷикистон дорад.

 Ин дипломат гуфт: Буҷаи ихтисосдодашуда барои сохти неругоҳи "Роғун" 50 дарсад аз кулли сармоягузории Арабистон аз оғози фаъолияташ дар Тоҷикистон аз соли 2002 то кунун аст.

 Зарфияти тарроҳии неругоҳи барқӣ-обии Роғун воқеъ дар 110 километрии шарқи шаҳри Душанбе 13.1 миллиард киловатт соат барқ дар сол аст.

 Дар сурати ҷазби сармояи хориҷи такмили сохти ин неругоҳ дар соли 2033 имконпазир хоҳад шуд.

Баландии пешбинишудаи садди ин неругоҳ 330 метр ва ҳаҷми махзан 13.3 миллиард метр мукааб аст.

 

Барчасп