Содироти наздик ба як миллион тонна семент аз Тоҷикистон
Беш аз се миллион тонна семент дар 9 моҳи гузашта дар Тоҷикистон истеҳсол ва наздики як миллион тоннаи он ба кишварҳои ҳамсоя содир шудааст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, аз аввали соли равон дар кишвар 3 миллиону 238 ҳазор тонна семент истеҳсол шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 90 ҳазор тонна зиёд аст.
Дар соли 2019 дар Тоҷикистони 4 миллион тонна семент истеҳсол шуда буд.
Бар асоси ин гузориш дар 9 моҳи гузашта ба Ӯзбакистон 563 ҳазор тонна, ба Афғонистон 392 ҳазор тонна ва ба Қирғизистон 44 ҳазор тонна семент содир шудааст.
Дар соли 2019 содироти семент ба хориҷ аз Тоҷикистон як миллиону 500 ҳазор тонна ба арзиши 68 миллион доллар будааст.
15 ширкати истеҳсоли семент бо зарфияти истеҳсоли 4 миллиону 700 ҳазор тонна семен, дар Тоҷикистон фаъол ҳастанд ки бо мушорикати молӣ ва фаннии кишвари Чин сохта шудаанд .
Бештар бихонед: