Апрел 27, 2024 14:04 Asia/Dushanbe
  • Оғози ҳамкориҳои ҳамлу нақли байналмилалӣ ва транзитии Эрон ва Тоҷикистон аз бандари Чобаҳор

Ҷумҳурии Исломии Эрон ва ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши ҳамлу нақли байналмилалӣ ва транзитӣ аз тариқи бандари Чобаҳор тафоҳумномаи ҳамкорӣ имзо карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, тафоҳумномаи ҳамкории Ҷумҳурии Исломии Эрон ва ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши ҳамлу нақли байналмилалӣ ва транзитӣ аз тариқи бандари Чобҳор миёни Алиакбари Сафои,муовини вазири роҳу шаҳрсозӣ ва мудири омили созмони бандарҳо ва дарёнавардии Эрон ва Шоиста Муродзода, муовини вазири роҳу нақлиёти ҷумҳурии Тоҷикистон имзо шуд.

 Ин тафоҳумнома бо ҳадафи тавсеаи ҳамкориҳои нақлиётии чандҷониба байни Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Тоҷикистон ба имзо расид.

 Гуфтанӣ аст ҳайати ҷумҳурии Тоҷикистон ба сарпарастии муовини вазири роҳу нақлиёти  ин кишвар дар сафар ба Теҳрон пас аз мулоқот бо мақомоти баландпояи Созмони бандарҳо ва дарёнавардӣ аз зерсохтҳо ва зарфиятҳои транзитии бандари Чобҳор низ боздид карданд.

 

Барчасп