Май 09, 2024 12:19 Asia/Dushanbe
  • Режими саҳюнистӣ бидуни ҳимояти Амрико наметавонад аз худ дифоъ кунад
    Режими саҳюнистӣ бидуни ҳимояти Амрико наметавонад аз худ дифоъ кунад

Таҳлилгарони равобити байналмилал бар ин бовар ҳастанд, ки режими саҳюнистӣ бидуни ҳимояти Амрико наметавонад аз худ дифоъ кунад ва осебпазирии он ошкор шудааст.

Беш аз 7 моҳ аз наслкушии режими саҳюнистӣ алайҳи мардуми Ғазза мегузарад. Тайи ин муддат ҳудуди 35 ҳазор нафар шаҳид ва беш аз 38 ҳазор нафар маҷрӯҳ шудаанд.

Бо вуҷуди ин ҷиноят алайҳи Ғазза, ин ҷанг то кунун барои режими саҳюнистӣ низ паёмадҳои мутааддиде доштааст, ки бархе аз паёмадҳои он роҳбурдӣ маҳсуб мешаванд.

Яке аз паёмадҳои роҳбурдии ҷанг алайҳи Ғазза, ошкор шудани афзоиши инзиҷори ҷаҳонӣ аз режими саҳюнистӣ аст. Зимни ин ки мардум дар кишварҳои мухталиф бо баргузории тазоҳурот, ҳимояти худ аз Ғазза ва безории худ аз режими саҳюнистиро эълом карданд, нухбагон ҳам мавзеи ошкор алайҳи ҷиноятҳои режими саҳюнистӣ гирифтанд ва инзиҷори худро аз Тел-Авив нишон доданд.

Дар сояи бетафовутӣ ва ҳатто ҳимояти қудратҳои ҷаҳонӣ, ба хусус Амрико аз наслкушӣ дар Ғазза, донишҷӯён дар Амрико ва кишварҳои аврупоӣ дар ҳимоят аз мардуми Ғазза ва маҳкумияти ҷиноятҳои режими саҳюнистӣ тазоҳуроти густардае баргузор карданд. Тазоҳуроти донишҷӯён дар донишгоҳҳои Амрикову Аврупо ва ҳимояти шумори зиёде аз асотиди ин донишгоҳҳо аз ин тазоҳурот, намуди айниву малмуси инзиҷори ҷаҳонии нухбагон аз режими саҳюнистӣ аст.

Паёмади муҳими роҳбурдии дигар, ошкор шудани осебҳои низомиву иттилоотии режими саҳюнистӣ аст. Ин режим на танҳо дар 7 октябр, балки тайи 7 моҳи гузашта бо шикасти иттилоотиву низомӣ мувоҷеҳ шуд, зеро аз як сӯ натавонист амалиёти “Тӯфони Алақсо”-ро пешбинӣ кардаву ҷилавгирӣ кунад ва аз сӯи дигар натавонист ба маҳалли нигаҳдории асирони худ тавассути Ҳамос даст пайдо кунад ва ҳамчунин натавонист ба фармондеҳони барҷастаи Ҳамос назири Яҳё Синвор ва Муҳаммад Зайф бирасад.

Илова бар шикасти иттилоотиву низомӣ, ошкор шуд, ки режими саҳюнистӣ бидуни ҳимояти Амрико тавони дифоъ аз худро дар муқобили қудратҳое назири Ҷумҳурии исломии Эрон надорад. Режими саҳюнистӣ рӯзи якуми апрел ба бахши консулии Сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон дар Сурия ҳамла кард, ки ин иқдом бо посухи рӯзи 14 апрели Ҷумҳурии исломии Эрон мувоҷеҳ шуд.

Ҷумҳурии исломии Эрон садҳо паҳподу мушакро аз хоки худ ба самти арозии ишғолӣ шиллик кард, ки режими саҳюнистӣ бо ҳимояти Амрико, Англия ва Фаронса талош кард ин паҳподҳову мушакҳоро раҳгирӣ кунад. Бо ин ҳол, шумори зиёде аз мушакҳо бо убур аз сомонаҳои дифоӣ, ба ҳадаф исобат кард.

Дар ҳамин росто, Азриэл Бермант (Azriel Bermant), пажӯҳишгари аршади Муассисаи равобити байналмилали Прага дар матлабе, ки дар торнамои нашрияи амрикоии “Форен полисӣ” мунташир шуд, навишт: Тавонмандии ҳастаии Исроил Эронро аз ҳамлаи танбеҳӣ ба он мунсариф накард. Дар соли 1991 низ Исроил ба ироқиҳо ҳушдор дода буд, ки дар посух ба ҳар навъ ҳамла интиқоми густардае сурат хоҳад гирифт, аммо ин амр монеъ аз партоби мушакҳои Скод нашуд. Ҳамлаи танбеҳии Эрон барои тундравҳои Тел-Авив ва ифротиҳои вазорати ҷанги Исроил ҳақиқати талхеро ошкор кард: бидуни мудохилаи Амрико ва соири муттаҳидон, аз ҷумла ҳамсоягону шуракои араб, Исроил қодир ба дифоъ аз худ нест.

Бермант таъкид кард, ҳамалоти 7 октябр (15 меҳр) –и Ҳамос ва 14 апрел (26 фарвардин)-и Эрони ин ҳақиқатро комилан равшан сохт, ки Исроил наметавонад барои ғалаба бар душманонаш танҳо ба худ муттакӣ бошад.

 

Барчасп