ДИИШ масъӯлияти инфиҷор дар Бадахшонро баруҳда гирифт
ДИИШи масъӯлияти инфиҷори рӯзи гузашта дар устони Бадахшони Афғонистонро баруҳда гирифт .
Ба гузориши сервиси байналмилали хабаргузории Садо ва Симо ; Шохаи хуросонми ДИИШ дар паёме эълом кард : Дар инфиҷори рӯзи гузашта дар миёни корвони нерӯҳои амниятии ( Толибон ) дар шаҳри « Файзобод » маркази устони Бадахшон , дувоздаҳ нафар аз онҳо кушта ё захмӣ шуданд .
ДИИШ гуфтааст ин инфиҷор бо як дастгоҳи моторсиклети бомбгузорӣ шуда анҷом шуд.
Абдулматини Қонеъ сухангӯи Вазорати кишвари Афғонистон гуфтааст дар ин инфиҷор се низомии афғон кӯшта ва панҷ нафар аз онҳо захмӣ шуданд .
Ин инфиҷор замонӣ ба вуқуъи пайваст ки корвони нерӯҳои полис барои иҷрои амалиёти тахриби мазореъи хашхош озими маҳал буданд .
Ин сеюмин ҳамлаи террористӣ дар Афғонистон дар як ду моҳи ахира ст ки ДИИШ масъӯлияти онро баруҳда мегирад , ду ҳамлаи қаблии ДИИШ дар шаҳри Кобул ва шаҳристони « Гузара » устони Ҳирот ба вуқуъ пайваст .
Чанде қабл Созмони Милали Муттаҳид шумори талафоту маҷрӯҳони ҳамалоти ДИИШ дар муддати ду моҳ дар Афғонистонро беш аз саду панҷоҳ нафар эълом кард .