Сабти дуюмин худкушӣ дар фурудгоҳи Душанбе дар ду моҳи ахир
Дуввумин бор дар ду моҳи ахир яке аз кормандони бахши амниятии фурудгоҳи Душанбе имрӯз даст ба худкушӣ зад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Тоҷ Вик, Шерафкан Хоҷақулови 38 сола бо паррондани тир ба қалби хеш худкушӣ кардааст ва мақомоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо таъйиди хабари худкушии ӯ гуфтаанд, ки дар ҳоли баррасии ин мавзӯ ҳастанд.
Гуфта мешавад, ки мақтул, ки тӯли 9 моҳ аз ҷои кораш маош нагирифтааст, имрӯз аз маъмурияти фурудгоҳи Душанбе дархост кардааст, ки маошашро пардохт кунад, ки маъмурияти фурудгоҳ онро рад кардааст.
Вай пас аз дарёфти посухи манфӣ дар гуфтугӯи телефонӣ бо хонаводааш аз қасди хеш барои худкушӣ сухан гуфта, сипас дар муқобили чашми ҳамкоронаш даст ба ин иқдом задааст.
Наздикони ӯ гуфтаанд, ки вай ба соҳибхонааш бобати иҷораи манзил 14 ҳазор сомонӣ қарздор будааст.
- Нигаронии додситони кулли Тоҷикистон аз афзоиши худкушӣ дар миёни ҷавонон
-
Қарзи 60 миллионсомонии давлати Тоҷикистон бобати маошу дастмузд
Ин дар ҳолест, ки яки дигар аз кормандони бахши амниятии фурудгоҳи Душанбе ҳам ки аз бозпардохти воми бонкиаш нотавон шуда буд, дар моҳи сентябри гузашта худкушӣ кард.
Ба иллати густариши вируси корона парвозҳои фурудгоҳҳои Тоҷикистон аз рӯзи 20 марти имсол қатъ шуда ва бисёре аз фаъолиятҳои фурудгоҳҳои Тоҷикистон бо ихтилол рӯ ба рӯ шуда ва ин мавзӯ бар шароити иқтисодии ин созмон низ асар гузоштааст.
Бештар бихонед: