Тоҷикистон поинтарин даромади саронаро дар Ҷомеъаи Ҳамсуд дорад
-
даромади саронаи солона дар Тоҷикистон 833 доллар аст
Фонди байналмиллалии пул эълом кард, ки поинтарин мизони саронаи даромади солона дар Ҷомеъаи Ҳамсуд ва минтақаи Осиёи Марказӣ марбут ба Тоҷикистон аст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садоии Хуросон ба нақл аз сомонаи Азия-Плюз, ҳамакнун саронаи даромади солонаи ҷамъияти 9 миллиону 300 ҳазор нафарии Тоҷикистон 833 доллар аст.
Ин шохис дар Қазоқистон 8 ҳазору 781 доллар, Узбакистони ҳазору 762 доллар дар Қирғизистон ҳазору 147 доллар эълом шудааст.
Дар Русия саронаи даромади солона 9 ҳазору 972 доллар дар Беларус 6 ҳазору133 доллар аст.
Ин дар ҳоле аст, ки дар соли 2019 ин шохис дар Тоҷикистон 840 доллар буд.
Бар асоси бароварди коршиносони Фонди байналмиллалии пул, рушди иқтисоди Тоҷикистон, ки дар соли 2019, ҳафту ним дарсад буд имсол ба далели густариши вируси корона ба як дарсад коҳиш хоҳад ёфт.
Ҳукумати Тоҷикистон қабл аз густариши КОВИД-19 умедвор буд, ки рушди иқтисодии ин кишвар имсол ба 7 аз даҳ 9 дарсад ва тавлиди нохолиси миллӣ низ ба 87 миллиарду 400 миллион сомонӣ бирасад.
Бештар бихонед:
-
Қарзи 60 миллионсомонии давлати Тоҷикистон бобати маошу дастмузд
-
Саҳми саронаи ҳар шаҳрванди Тоҷикистон аз қарзи хориҷӣ - 320 доллар