Октябр 27, 2020 17:06 Asia/Dushanbe
  • Дар 11 соли ахир ҳеч корхонае дар ин минтақа сохта нашудааст
    Дар 11 соли ахир ҳеч корхонае дар ин минтақа сохта нашудааст

Минтақаи озоди иқтисодии Ишкошим дар вилояти Бадахшон, дар марзи муштараки ин кишвар бо Афғонистон, бо гузашти 11 сол аз таъсиси он ҳамчунон бидуни фаъолият боқӣ мондааст.

Ба гузориши сомонаи ТОП ТҶ, ин минтақа, ки дар масоҳати 200 гектар дар ноҳияи Ишкошим воқеъ шудааст, қарор буд, маҳсулоти тавлидии худро ба Афғонистону Покистон содир кунад, аммо дар 11 соли ахир ҳеч корхонае дар ин минтақа сохта нашудааст.

Боймуҳаммад Алибахшов, яке аз фаъолони бахши хусусӣ ва аз мубтакирони таъсиси минтақаи озоди иқтисодии Ишкошим мегуяд: Нобасомонии авзои амниятии вилояти Бадахшони Афғонистон ва иҷро нашудани тарҳи роҳи иртиботии ҷадид дар шаҳристони Зибоки ин вилоят аз сӯи Покистон, ки қарор буд масири иттисолии се кишвари Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон то марзи Чин бошад, далели аслии фаъол нашудани минтақаи озоди иқтисодии Ишкошим аст.

Ҳамчунин яке аз мақомоти вилояти Бадахшон ба шарти ифшо нашудани номаш гуфтааст, ки дар соли 2018 сармоягу‍зороне аз Кореяи Ҷанубӣ барои сохти корхонаи тавлиди санги мармар ба минтақаи озоди иқтисодии Ишкошим омаданд, аммо бо мушоҳидаи авзои роҳи байни шаҳри Хоруғ то ноҳияи Ишкошим, аз ин кор мунсариф шуданд.

 

Дар Тоҷикистон 5 минтақаи озоди иқтисодӣ дар Суғд, Кӯлоб, Панҷ, Данғара ва Ишкошим таъсис шудааст, ки корхонаҳои саноатӣ дар минтақаи Суғд беш аз ҳама фаъол аст.

Дар пайи таҳдиди ҷорӣ шудани сел, тасмим гирифта шуд минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб ба макони дигаре интиқол ёбад ва дар Ишкошим низ ҳеч корхонае фаъолият намекунад.

Ин манотиқ дар 9 моҳи гузашта 130 миллиону 700 ҳазор сомонӣ (муодили 12 миллиону 600 ҳазор доллар) маҳсулот тавлид кардаанд.

 


 

 

Барчасп