Афзоиши шумори мубталоён ба корона дар Тоҷикистон
(last modified Tue, 27 Oct 2020 17:08:28 GMT )
Октябр 27, 2020 22:08 Asia/Dushanbe
  • Омори мубталоён ба Ковид -19 дар 27 октябр 2020 дар Тоҷикистон
    Омори мубталоён ба Ковид -19 дар 27 октябр 2020 дар Тоҷикистон

41 бемори ҷадид ба феҳристи мубталоёни Ковид -19 дар Тоҷикистон афзуда шуд.

Ба гузориши маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, шумори беморони Ковид -19 дар ин кишвар то соати 19 рӯзи сешанбеи 27 октябр,  бо шиносоии 41 мавриди ҷадид ба 10 ҳазору 860 нафар расид.

Ҳамчунин шумори ҷонбохтагони Ковид -19 дар Тоҷикистон бидуни афзоиш, 81 нафари пешин аст.

Аз 10 ҳазору 860 бемори Ковид -19 дар Тоҷикистон то кунун 10 ҳазору 9 нафар беҳбуд ёфтаанд.

Дар шабонарӯзи ахир 58 бемори коронаӣ ҳам аз бемористонҳо мурраххас шудаанд.

 


 

Бештар бихонед:

Ибтило ба бемории ношинохта дар пайи тазриқи озмоишии ваксинаи корона

Даст додани ду вазири умури хориҷаи Эрон ва Русия дар даврони бемории ҳамагири корона

Нишонаҳои нодири бемории корона