Октябр 28, 2020 13:00 Asia/Dushanbe
  • Барномаи рушд дар Ишкошим, Ванҷ, Рушон, Роштқалъа ва Мурғоб иҷро нашуда аст
    Барномаи рушд дар Ишкошим, Ванҷ, Рушон, Роштқалъа ва Мурғоб иҷро нашуда аст

Раиси вилояти Бадахшон эълом кард, ки барномаи рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии ин минтақа дар соли 2020 ба иллати натиҷаи нодуруст будани тарҳҳои ироашуда иҷроӣ нашудааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи нашрияи Ҷумҳурият, Ёдгор Файзов дар нишасти Шурои намояндагони вилояти Бадахшон гуфтааст: Имсол барои иҷрои барномаи рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар ноҳияҳои Ишкошим, Ванҷ, Рушон, Роштқалъа ва Мурғоб ҳеч иқдоме нашудааст.

Ваи афзуд: Дар теъдоди дигаре аз навоҳии ин вилоятҳо танҳо 20 дарсад аз барномаи рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ иҷроӣ шуда, ки ғайри қобили пазириш аст.

Аз дидгоҳи раиси вилояти Бадахшони иллати аслии ин нобасомонӣ, барномарезиҳои нодурусте аст, ки манобеи молӣи тарҳҳои пешбинишударо мушаххас накарда ва аз сӯи дигар умедворӣ ба дарёфти кумакҳои хориҷӣ низ бароварда нашудааст.

Ба гуфтаи Файзов барои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии ноҳияи Ванҷ солона 17 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки чунин рақаме дар буҷети вилояти Бадахшон вуҷуд надорад.

Вай идома дод: Аз сӯи дигар ба далели кӯҳистонӣ будани вилояти Бадахшон таъмини манобеи молии мавриди ниёз барои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии навоҳии ин минтақа аз ҳисоби дарёфти андоз ғайримумкин аст, зеро фаъолиятҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ дар ҳадде нест, ки заминаи пардохти андози кофӣ барои иҷрои барномаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоиро фароҳам кунад.

Бештар бихонед:

 

Барчасп