Тоҷикистон ба дунболи ҷазби сармояи хориҷӣ барои идомаи сохти нерӯгоҳи Роғун
(last modified Wed, 28 Oct 2020 17:44:39 GMT )
Октябр 28, 2020 22:44 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон ба дунболи ҷазби сармояи хориҷӣ барои идомаи сохти нерӯгоҳи Роғун

Ҳукумати Тоҷикистон қасд дорад барои идомаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун аз сармояи хориҷӣ баҳра бибарад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Тоҷ Вик, ҳукумати Тоҷикистон ба коргуруҳи вижа таъмини манбаи молии мавриди ниёзи нерӯгоҳи барқи обии Роғун дастур додааст, ки барои идомаи сохти ин тарҳи муҳими энергетикӣ дар соли 2021 илова бар манобеи молии бюджети давлат, чинугнагии ҷазби сармояи хориҷиро низ мавриди баррасӣ қарор диҳад.

Ин дар ҳолест, ки бештар Вазорати энергетика ва захираҳои обии Тоҷикистон аз ихтисоси 226 миллион доллар аз бюджети давлат барои идомаи сохти нерӯгоҳи барқи обии Роғун дар соли ҷорӣ хабар дода буд.

Дар ҳоли ҳозир беш аз 12 ҳазор коргар ва мутахассис дар ду шифт бо истифода аз 3 ҳазору 824 дастгоҳи таҷҳизоти мухталиф машғули сохти садди 335 метрии ин нерӯгоҳ мебошад.

Гуфта мешавад, ки нерӯгоҳи Роғун дар соли 2033 такмил мешавад.

Бештар бихонед: