Афзоиши қарзи корхонаҳо аз андоз дар Тоҷикистон
Қарзи молиётӣ ё андози марказҳои саноатӣ ва хадамотӣ дар Тоҷикистон тайи даҳ моҳи соли ҷорӣ ба 1 миллиард сомонӣ (муодили 96 миллиону 600 ҳазор доллар) расид, ки аз оғози имсол 440 миллион сомонӣ афзоиш ёфтааст.
Ба гузориши сомонаи “Спутник”, бахши азиме аз ин қарз мутааллиқ ба ширкатҳо ва корхонаҳои давлатӣ мебошад, ки дар соли ҷорӣ ба далели густариши Ковид -19 бо афзоиши қобили мулоҳизае рӯ ба рӯ шудааст.
Дар миёни ин ширкатҳо ва муассисот номи нерӯгоҳи барқи обии “Сангтӯда -1” бо 115 миллион сомонӣ, нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” бо 44 миллион сомонӣ, ширкати алюминийи тоҷик - Талко бо 22 миллион сомонӣ, Хадамоти алоқаи Тоҷикистон бо наздик ба 19 миллион сомонӣ ва Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бо 67 миллиону 800 ҳазор сомонӣ ба унвони қарздорони бузурги андоз мушоҳида мешавад.
Аз ин рӯ дар даҳ моҳи соли ҷорӣ ба буҷаи Ҳукумати Тоҷикистон 7 миллиарду 400 миллион сомонӣ (муодили 93 миллион доллар) ворез шудааст, ки баробар бо 92, 1 дарсад аз барномаи пешбинишуда мебошад.
Ин шохис 647 миллион сомонӣ камтар аз барномаи таъйиншуда барои иҷрои буҷаи ҳукумат ба ҳисоб меояд.
Яке аз омилҳои аслиии ин касрӣ густариши вируси корона, коҳиши фаъолиятҳои иқтисодӣ, аз равнақ афтодани гардишгарӣ ва нотавон шудани марказҳои саноативу хадамотӣ унвон мешавад.
Бештар бихонед:
Афзоиши ду миллиарддолларии қарзи корхонаҳо ва ширкатҳои Тоҷикистон
Як миллиард сомонӣ қарзи ширкатҳои Барқи тоҷик ва неругоҳи Барқи обии Сангтудаи 1