Ҷарима дар интизори фурӯшандагони гардановезҳои “зидди корона” дар Хуҷанд
(last modified Fri, 30 Oct 2020 16:57:57 GMT )
Октябр 30, 2020 21:57 Asia/Dushanbe
  • 500 гардановези “зидди корона” аз дорухонаҳои шаҳри Хуҷанд мусодира шуд
    500 гардановези “зидди корона” аз дорухонаҳои шаҳри Хуҷанд мусодира шуд

Идораи назорат бар фаъолияти марказҳои дармонии вилояти Суғд аз мусодираи 500 гардановези “зидди корона” дар дорухонаҳои шаҳри Хуҷанд ва ҷаримаи тахаллуфкорон хабар дод.

Ба гузориши сомонаи “ТоҷВик”, Султон Раҳмонзода, раиси Идораи назорат бар фаъолияти марказҳои дармонии вилояти Суғд гуфтааст, ки ахиран аз хориҷ ба шимоли Тоҷикистон ба таври қочоқӣ теъдоди зиёде аз гардановезҳои мавсуми ба “Virus Shut Out” ворид кардаанд, ки бехосият аст ва фурӯшандагони он ба маблағи 2 ҳазору 900 сомонӣ ҷарима хоҳанд шуд.

Акнун мақомоти интизомии Суғд ба дунболи воридкунандагони ин гардановезҳо ҳастанд.

 

Сӯиистифодаи хилофкорон аз корона

Мусодираи ин гарданбандҳо замоне оғоз шуд, ки фурӯшандагон дар баробари дарёфти 10 то 30 сомонӣ аз харидорон, бидуни ташхиси озмоишгоҳӣ ва муҷаввизи пизишкон ин гардановезҳоро ба онон мефурӯхтанд.

Бо ин ҳол дар Интернет ҳам таблиғоти фурӯши ин васоил ба қимати 890 рубли русӣ вуҷуд дорад, ки иддао мешавад наздик ба 98 дарсад вируси коронаро хунсо мекунад ва ба муддати 30 рӯз аз тавони ҳифозатӣ бархӯрдор аст.

Ҳамчунин иддао мешавад, аз дигар хавоси ин гардановез, ҳифозати афрод аз вируси корона дар фосилаи 1 то 3 метр дар кӯчаву хиёбонҳо, марказҳои умумӣ ва тиҷорӣ ва васоили нақлияи умумӣ аст.

Идораи назорат бар фаъолияти марокизи дармонии вилояти Суғд аз мардум хостааст, ки ба ин таблиғот бовар накунанд, зеро ин васоил ҳеч навъ хосияти муқобила бо Ковид -19 -ро надорад ва навъе қаллобӣ ё кулоҳбардорӣ аст.

 


 

Бештар бихонед: