Вокуниши муфтии Тоҷикистон ба изҳороти исломситезонаи Макрон
-
Иҳонат ба Паёмбари Акрам(с) барои мусулмонони ғайриқобили таҳаммул аст
Раиси Шӯрои уламои Марказии исломии Тоҷикистон иҳонати Эмманюэл Макрон, раисиҷумҳури Фаронса ба ҷойгоҳи муқаддаси Паёмбари гиромии ислом (с) ва иқдомоти исломситезонаи Фаронсаро маҳкум кард.
Ба гузориши сомонаи Топ тҷ, Сайидмукаррам Абдулқодирзода гуфтааст, ки ҳеч кас ҳақ надорад беш аз якуним миллиард мусулмон дар ҷаҳонро террорист, ифротӣ ва тундрав хитоб кунад.
Вай афзуд, барои мусулмонон ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) аз ҷону молшон азизтар буда ва иҳонат ба ҷойгоҳи эшон тавҳин ба эътиқодоти уммати исломӣ ва ғайри қобил таҳаммул аст.
Пушти пардаи исломситезии Макрон чӣ мегузарад? + филм
Абдулқодирзода бо баёни инки эҳтиром ба Паёмбари гиромии ислом (с) ва тамомии паёмбарони илоҳӣ ҷузъи эътиқодоти мусулмонон аст, таъкид кард, изҳороти раисиҷумҳури Фаронса афзоиши хушунатро дар пай доштааст ва метавонад авоқиби ногуворе барои Порис ба бор оварал.
Эмманюэл Макрон, раисиҷумҳури Фаронса ба тозагӣ гуфтааст, ки кишвараш ҳамчунон ба интишори карикатурҳои Паёмбари ислом (с) идома хоҳад дод, ки ин суханон мӯҷиби хашму вокуниши тунди мусулмонони ҷаҳон шудааст.
Маҷаллаи фаронсавии “Charlie Hebdo” ба тозагӣ корикотурҳоеро алайҳи ҳазрати Муҳаммад (с) бознашр кардааст.
БЕШТАР БИХОНЕД:
Паёми раҳбари муъаззами инқилоб ба ҷавонони Фаронса дар пайи иҳонати Макрон ба Паёмбари ислом (с)
Идомаи вокунишҳои ҷаҳони ислом ба изҳороти исломситезонаи Макрон
Арабҳо колоҳои фаронсавиро таҳрим карданд
Эҳзори кордори Фаронса ба вазорати умури хориҷаи Эрон