Маофияти аҷиб барои намояндагони парлумони Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i58733-Маофияти_аҷиб_барои_намояндагони_парлумони_Тоҷикистон
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аъзои парлумонҳои миллӣ ва қонунгузориро аз пардохти кирояи роҳ дар васоили нақлияи умумии дохилӣ озод кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Октябр 31, 2020 20:12 Asia/Dushanbe
  • Вакилони парлумони Тоҷикистон раъй доданд, ки онҳо аз пардохти роҳкиро озод карда шаванд
    Вакилони парлумони Тоҷикистон раъй доданд, ки онҳо аз пардохти роҳкиро озод карда шаванд

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аъзои парлумонҳои миллӣ ва қонунгузориро аз пардохти кирояи роҳ дар васоили нақлияи умумии дохилӣ озод кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи "Спутник", вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим ҳангоми ироаи тарҳи ислоҳияи қонуни вазъи ҳуқуқии аъзои парлумонҳои миллӣ ва қонунгузорӣ, гуфт: "бо тасвиби ин ислоҳия аъзои ҳар ду палата метавонанд ҳангоми сафарҳои дохилии ҳавоӣ, роҳи оҳан ва заминӣ ба ғайр аз такси, роҳкиро пардохт накунанд "

Ҳамчунин бар асоси ин ислоҳия, ки ба тасвиби маҷлиси намояндагони Тоҷикистон расид дар сурати маълули дараҷаи як будани аъзои палатаи миллӣ ва намояндагон, афродеро, ки ононро дар сафарҳо ҳамроҳӣ мекунанд аз пардохти кирояи роҳ муоф мешаванд.

Азим Иброҳим гуфтааст, ки муқаррароти ҷуброни ҳазинаи сафарҳои ройгони дохилии ҳавоӣ, роҳи оҳан ва заминии аъзои маҷлиси миллӣ ва намояндагони Тоҷикистонро ҳукумати Душанбе таъин мекунад.

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон 63 аъзо ва маҷлиси миллӣ 33 аъзо дорад.