10 соат маъталии атбои тоҷик ҳангоми убури марзи Ӯзбекистон
(last modified Sun, 01 Nov 2020 15:40:33 GMT )
Ноябр 01, 2020 20:40 Asia/Dushanbe
  • 10 соат маъталии атбои тоҷик ҳангоми убури марзи Ӯзбекистон
    10 соат маъталии атбои тоҷик ҳангоми убури марзи Ӯзбекистон

Бар асоси тавофуқи Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират ва ҳукумати Қазоқистон қарор буд, ки рӯзи аввали моҳи ноябр беш аз 150 коргари муҳоҷири бекоршудаи тоҷик ва аъзои хонаводаҳои онон бо бозгушоии марз бо Ӯзбекистон ба Тоҷикистон мунтақил шаванд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи ахбори Осиёи марказӣ, ҳангоме, ки ин афрод бо чаҳор дастгоҳи автобуси кирояишуда аз сӯи Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират қасди вуруд ба қаламрави Ӯзбекистонро доштанд, дар гузаргоҳи марзӣ бо мамониати марзбонони ин кишвари рӯ ба рў шуданд.

Марзбонони Ӯзбакистон гуфтаанд, ки ба атбои Тоҷикистон танҳо пас аз анҷоми озмоиши Ковид - 19 иҷозаи вуруд ба қаламрави кишварро хоҳанд дод. Аммо атбои Тоҷикистон муддаиянд, ки онон мусофирони тронзитӣ мебошанд ва бидуни таваққуф дар қаламрави Ӯзбекистон ба сӯи вилояти  Суғд ҳаракат кунанд ва ниёзе ба озмоиши Ковид -19 надоранд. Танҳо бо мусоидати сафоратҳои Тоҷикистон дар Қазоқистон ва Ӯзбакистон ва пас аз10 соати маъаталӣ ба атбои Тоҷикистон ммуҷаввизи убур аз қаламрави Ӯзбекистон дода шуд.

Бар асоси тавофуқи Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират ҳукумати Қазоқистон охири ҳар моа барои хориҷ кардани коргарони муҳоҷири бекоршудаи тоҷик ва аъзои хонаводаҳои онон марз бозгушоӣ хоҳад шуд.

Ба далели густариши вируси корона теъдоди зиёде аз коргарони муҳоҷири тоҷик, ки бо густариши корона дар Қазоқистон бекор шуда ва қасди бозгашт ба Тоҷикистонро доранд ба иллати баста будани марзҳо бо мушкил рӯ ба рӯ шудаанд .