Кумаки 50 миллиондолларии Бонки рушди АвруОсиё ба Тоҷикистон
Мудирияти Бонки рушди АвруОсиё аз ихтисоси қарзи 50 миллиондолларии ин ниҳод ба Тоҷикистон хабар дод.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, ин кумаки молӣ барои пуштибонӣ аз буҷети ҳукумати Тоҷикистон дар шароити шуюъи вируси корона ҳазина хоҳад шуд.
Муддати бозпардохти ин қарз 20 сол ва суди солонаи он як дарсад аст, ки дар соли нахуст бозпардохти он бо суди камтар аз як дарсад хоҳад буд.
Соли қабл низ Бонки рушди АвруОсиё барои ҳимоят аз буҷети ҳукумати Тоҷикистон 40 миллион доллар қарз ихтисос дода буд.
Бонки рушди АвруОсиё дар соли 2006 бо ҳамкории Русия ва Қазоқистон таъсис шуд ва баъдҳо кишварҳои Арманистон, Беларус, Тоҷикистон ва Қирғизистон ба он пайвастанд.
Сармояи аввалияи Бонки рушди АвруОсиё беш аз 7 миллиард доллар аст.
Бештар бихонед:
-
Кӯмаки молии 323 миллион долларии ройгони Бонки Рушди Осиё ба Тоҷикистон
-
Коҳиши даромади муҳоҷирон ва иҷро нашудани бахши даромадии буҷети ҳукумати Тоҷикистон