Ноябр 03, 2020 22:30 Asia/Dushanbe
  • Эмомалӣ Раҳмон бархе мақомоти Тоҷикистонро барканор ва шумореро боқӣ гузошт
    Эмомалӣ Раҳмон бархе мақомоти Тоҷикистонро барканор ва шумореро боқӣ гузошт

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки давраи ҷадиди раёсати ҷумҳурии худро оғоз кардааст, бо судури фармонҳое, бархе мақомоти ин кишварро барканор ва шумореро низ дар симатҳои худ боқӣ гузошт.

Ба гузориши сомонаи итилоърасонии раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бар асоси фармонҳои ҷудогонаи Эмомалӣ Раҳмон, Қоҳир Расулзода, нахуствазир, Давлаталӣ Саид ва Давлаталӣ Гулмуҳаммадзода, муовинони вай дар симатҳои хеш боқӣ гузошта шуданд.

 

Аз сӯи дигар, Усмоналӣ Усмонзода, ки қаблан вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон буд, аз ин пас дар симати муовини нахуствазири ин кишвар фаъолият хоҳад кард.

Ҳамчунин бар асоси ин фармонҳо генералҳо Шералӣ Мирзо, Рамазон Раҳимзода ва Саидмуъмин Ятимов, вазирони дифоъ, корҳои дохила ва раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон низ дар симатҳои хеш боқӣ монданд.

Бо ин ҳол, Шералӣ Кабир, ки мудири ширкати алюминийи Тоҷикистон буд, аз ин пас дар симати вазири саноат ва фанновариҳои навини ин кишвар фаъолият хоҳад кард.

Ҳамчунин хонум Ширин Амонзода, раиси Кумитаи сайёҳии Тоҷикистон ба симати вазири кор ва муҳоҷирати ин кишвар ва Далер Ҷумъаев, ки мудири ширкати энергетикии вилояти Бадахшон буд, ба симати вазири энергктика ва захираҳои оби Тоҷикистон мансуб шудааст.

Ҳамчунин вазирони маориф ва илм, рушди иқтисод ва тиҷорат ва молияи Тоҷикистон дар симатҳои худ боқӣ монданд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп