Ноябр 04, 2020 11:25 Asia/Dushanbe
  • Бозгашти муҳоҷирони бандмонда аз Қазоқистон
    Бозгашти муҳоҷирони бандмонда аз Қазоқистон

150 муҳоҷири кории бандмондаи тоҷик дар Қазоқистон бо талоши муштараки Созмони байналмилалии муҳоҷират ва ниҳодҳои давлатӣ ба кишварашон бозгардонда шуданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз хабаргузории Форс , намояндаи Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Осиёи марказӣ дар баёнияе эълом кард: Муҳоҷирони кории бандмонда дар гузаргоҳи марзии «Жибек жолӣ »-и Қазоқистон , аз тариқи Узбакистон ба вилояти Суғди Тоҷикистон мунтақил шуданд .

 Бар асоси баёнияи ин созмон , дар муқоиса бо ҷамъияти маҳаллӣ дар кишварҳои мақсад , муҳоҷирон аз ҳимояти камтаре бархурдор ҳастанд ва ба далели осебпазирӣ дар маърази бештари рафтори бераҳмона , истисмору қочоқи инсон қарор доранд .

 Дар ин баёния таъкид шуда аст : Созмони байналмилалии муҳоҷират қасд дорад, то барномаи бозгашти довталабонаи ниёзмандонро идома диҳад ва мардумро аз фишори иҷтимоӣ , иқтисодӣ ва қонунӣ, ки дар натиҷаи бемории ҳамагири корона пеш омада аст, хориҷ кунад .

Бештар бихонед: