Ноябр 04, 2020 11:46 Asia/Dushanbe
  • Додгоҳи Душанбе фарзанди Сайидқиёмуддини Ғозиро маҳкум кард

Сайидмуҳаммади Ғозӣ, фарзанди 44 солаи Сайидқиёмуддини Ғозӣ, аз руҳониёни саршиноси Тоҷикистон ба 13 сол зиндон маҳкум шуда аст .

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Топ.тҷ , иттиҳоми Сайидмуҳаммади Ғозӣ хиёнат ба ватан ва хизмат ба манофеъи кишварҳои минтақа эълом шуда аст .

 Гуфта мешавад, ки додгоҳи шаҳри Душанбе пушти дарҳои баста ҳукми маҳкумияти Сайидмуҳаммади Ғозиро содир карда аст.

 Сайидмуҳаммади Ғозӣ ба ҳамроҳи ду бародари дигараш ба номҳои Сайидҳасан ва Сайидмуҳаммадим 33 ва 25 сола охирҳои тобистони имсол боздошт шудаанд ва сарнавишти ду бародари ӯ ҳануз мушаххас нест.

Чӣ бар сари Сайидмуҳаммади Ғозӣ омад?

 Сайидмуҳаммади Ғозӣ дар соли 2017 дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия боздошт ва ба Тоҷикистон мунтақил шуд.Додгоҳи олии ин кишвар вайро ба 25 сол зиндон маҳкум кард ва баъдҳо ин ҳукмро ба 7 сол коҳиш дод , аммо ӯ дар моҳи майи соли 2019 дар паи шӯриш дар зиндони ноҳияи Ваҳдат кушта шуд .

 Сайидмуҳаммади Ғозӣ ба 25 сол зиндон маҳкум шуд

 Мақомоти созмони зиндонҳои Тоҷикистон муддаианд, ки аъзои гурӯҳи террористии ДИИШ дар ин шуриш ӯро ба қатл расондаанд .

бештар бихонед :