Ҳушдори Бонки Ҷаҳонӣ дар бораи коҳиши даромади коргарони муҳоҷири Осиёи Марказӣ
(last modified Wed, 04 Nov 2020 17:59:13 GMT )
Ноябр 04, 2020 22:59 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши даромади коргарони муҳоҷири Осиёи Марказӣ
    Коҳиши даромади коргарони муҳоҷири Осиёи Марказӣ

Бонки Ҷаҳонӣ дар тозатарин гузориши худ аз коҳиши чашмгирӣ даромади ирсолии коргарони муҳоҷири Осиёи Марказӣ дар соли 2021 хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Точ Вик, дар ин гузориш таъкид шуда, ки дар соли 2021 даромади ирсолии коргарони муҳоҷири кишварҳои Осиёи Марказӣ аз Русия ба далели шуюи вируси корона то 14 дар сад коҳиш хаҳад ёфт.

Ин дар ҳолест,ки дар шаш моҳи нахусти имсол коргарони муҳоҷири тоҷик аз Русия ба кишварашон 681 миллион доллар ирсол кардаанд, ки дар мқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл 430 миллион доллар катар аст.

Ҳамчунин Вазорати кор ва муҳоҷирати Тоҷикистон аз коҳиши наздик ба 47 дар садии сафари коргарони муҳоҷири тоҷик ба Русия дар паи густариши вируси корона хабар додаанд.

Қаблан инз коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ аз эҳтимоли коҳиши 20 дар садии даромади ирсолии коргарони муҳоҷири тоҷик аз Русия дар паи густариши вируси корона хабар дода буданд.

Ин дар ҳолест, ки бархи иқтисоддонони тоҷик пешбинӣ кардаанд, ки даромади ирсолии коргарони муҳоҷир аз Русия бо коҳиши 50 дар садӣ рубарӯ шавад.

Бештар бихонед: