Ноябр 06, 2020 21:28 Asia/Dushanbe
  • Маҳсулоти тоҷикӣ дар намоишгоҳи Воридоти Шанхайи Чин
    Маҳсулоти тоҷикӣ дар намоишгоҳи Воридоти Шанхайи Чин

Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон аз ҳузури тавлидкунандагони ин кишвар дар намоишгоҳи байналмилалии Воридоти Шанхайи Чин хабар дод.

Ба гузориши “Форс”, маҳсулоту колоҳои сохти Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии Воридоти Шанхайи Чин ба намоиш гузошта шуданд.

Дар маросими ифтитоҳияи ин намоишгоҳ, ки ба таври маҷозӣ баргузор шуд, руасои ҷумҳурии бархе кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ ширкат карданд.

Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон ба унвони намояндаи ин кишвар дар ин намоишгоҳ ҳузур дошт.

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар суханоне дар маросими ифтитоҳия, ин намоишгоҳро бистари хубе барои тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тавсеаи тиҷорати байналмилалӣ ва ҳамчунин ироаи имконоти тавлидӣ, аз ҷумла саноату кишоварзӣ унвон кард.

Дар намоишгоҳи байналмилалии Воридоти Шанхайи Чин намояндагони беш аз 150 кишвари мухталифи ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон ва беш аз 500 ширкати барҷаста маҳсулоти худро ба намоиш гузоштанд.

Дар ду намоишгоҳи мушобеҳи қаблӣ намояндагони бахши хусусии Тоҷикистон қарордодҳое ба маблағи беш аз 5 миллион доллар имзо карда буданд.

Бинобар таъкиди Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон, равобити байни Пекин ва Душанбе ба як сатҳи наве иртиқо пайдо кардааст.

Чин ба унвони яке аз аслитарин шарикони стратегии Тоҷикистон дар рутбаи чаҳоруми тиҷорати хориҷии ин кишвар қарор дорад. Гардиши молӣ байни ду кишвар дар 9 моҳи соли 2020 мелодӣ 342. 4 миллион доллар ва дар соли 2019 мелодӣ 660. 9 миллион доллар баровард шудааст.

Чин ҳамчунин бузургтарин вомдиҳандаву сармоягузор дар Тоҷикистон ба шумор меравад.

Мизони куллии қарзи Тоҷикистон ба Чин беш аз 1. 2 миллиард доллар ва ҳаҷми сармоягузории Пекин дар иқтисоди Тоҷикистон 2. 9 миллиард долларро ташкил медиҳад.

 

Барчасп