Боздошти як қочоқчии байналмиллалии маводи мухаддир дар Тоҷикистон
(last modified Sat, 07 Nov 2020 08:21:44 GMT )
Ноябр 07, 2020 13:21 Asia/Dushanbe
  • Ҳамасола дар Тоҷикистон беш аз ду тонна маводи мухаддири воридотӣ аз Афғонистон кашф мешавад
    Ҳамасола дар Тоҷикистон беш аз ду тонна маводи мухаддири воридотӣ аз Афғонистон кашф мешавад

Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон аз боздошти яке аз аъзои гурӯҳҳои қочоқи байналмиллалии маводи мухаддир хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Ахбори Осиёи Марказӣ, Ҳоким Исмоилов, сокини шаҳри Кулоб, ки бо 86 килограм маводи мухаддир дар масири ноҳияи Шамсиддин Шоҳин– Кулоб боздошт шудааст бо гуруҳҳои афғонистонии қочоқи маводи мухаддир ҳамкорӣ мекардааст.

Вай дар бозҷӯиҳои аввалия эътироф кардааст, ки ин миқдори маводи мухаддирро аз фарде ба номи Ҳоҷӣ Самиъ аз вилояти Қундузи Афғонистон дарёфт карда ва қасд доштааст, ки онро ба хориҷ аз Тоҷикистон мунтақил кунад.

Дар ин замина алайҳи Ҳоким Исмоилов парвандаи қазоӣ ташкил шудааст.

Тоҷикистон, ки бо Афғонистон наздик ба ҳазору 400 километр марзи муштарак дорад, аз масирҳои умдаи қочоқи маводи мухаддир ба Русия ба ҳисоб меояд.

Ҳамасола дар Тоҷикистон беш аз ду тонна анвоъи маводи мухаддири воридотӣ аз Афғонистон кашф ва мусодира мешавад.