Дархости тоҷирони Ӯзбекистон ва Қирғизистон барои воридоти тухм аз Тоҷикистон
(last modified Sat, 07 Nov 2020 17:21:30 GMT )
Ноябр 07, 2020 22:21 Asia/Dushanbe
  • Дархости тоҷирони Ӯзбекистон ва Қирғизистон барои воридоти тухм аз Тоҷикистон

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд бо вуҷуди дархости тоҷирони ӯзбекистонӣ ва қирғизистонӣ барои воридоти тухм аз Тоҷикистон, имкони ин муомила вуҷуд дорад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, мудири ширкати мурғдории Тоҷикистон Шокир Назаров гуфтааст, ҳам акнун як дона тухм дар бозорҳои Тошкент як сомониву 50 дирҳам ва дар Бишкек як сомониву 30 дирҳам мебошад, аммо дар дохили Тоҷикистон ин шохис як сомонӣ аст.

Назаров мегӯяд: «ба далели ба худкифоӣ нарасидани Тоҷикистон дар тавлиди тухм наметавон ин маҳсулро ба Ӯзбекистон ва Қирғизистон содир кард.»

Тақозои солона ба тухм дар Тоҷикистон бо эҳтисоби пеш аз 9 миллион нафар жамияти ин кишвар 1 миллиарду 700 миллион дона аст, ки дар 9 моҳи имсол 761 миллион тухм тавлид шудааст.

Мезони тавлиди тухми мурғ дар Тоҷикистон кафофи содиротро намедиҳад

Дар соли 2013 ҳукумати Душанбе тамоми мурғдориҳоро ба муддати 12 сол аз пардохти молиёт озод кард, ки ин маофият омили муҳиме дар рушди тавлиди тухм дар Тоҷикистон шуд.

Бо ин ҳол дар Тоҷикистон дар таъмини хӯроки мурғ ва витаминҳо, ки аз хориҷ ворид мегардад мушкилоте вуҷуд дорад, ки бо густариши вируси корона ин мушкилотбештар ҳам шудааст.

 

Бештар бихонед: