Ноябр 08, 2020 14:00 Asia/Dushanbe
  • Арзиши тиҷорати хориҷии вилояти Хатлон то поёни моҳи сентябр 144 миллион доллар буд
    Арзиши тиҷорати хориҷии вилояти Хатлон то поёни моҳи сентябр 144 миллион доллар буд

Раиси вилояти Хатлон аз коҳиши мизони тиҷорати хориҷии ин минтақа дар пайи густариши Ковид -19 дар 9 моҳи нахусти имсол хабар дод.

Ба гузориши сомонаи “Спутник”, Қурбон Ҳакимзода гуфтааст, ки аз ибтидои имсол то поёни моҳи сентябр, тиҷорати хориҷии вилояти Хатлон 144 миллион доллар буд, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл наздик ба 32 миллион доллар коҳишро нишон медиҳад.

Ҳакимзода маҳсулоти содиротии вилояти Хатлонро пахта, семент, шираи гиёҳи камол ва барқ ва муҳимтарин воридоти ин минтақаро сӯзишворӣ, мошин, нуриҳои минаралӣ, шакар, равғани мойеъ ва дору эълом кард.

Раиси вилояти Хатлон иллати аслии коҳиши тиҷорати хориҷии вилояти Хатлонро густариши вируси корона, баста шудани марзҳо бо кишварҳои ҳамсоя ва коҳиши фаъолиятҳои иқтисодӣ унвон кардааст.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп