Ноябр 10, 2020 13:54 Asia/Dushanbe
  • Густариши корона таъмини бахши даромадии буҷети Тоҷикистонро бо мушкил рӯ ба рӯ кард
    Густариши корона таъмини бахши даромадии буҷети Тоҷикистонро бо мушкил рӯ ба рӯ кард

Ҳукумати Тоҷикистон барои афзоиши манобеи бахши даромадии буҷети ин кишвар аз 23 миллиард сомонии феълӣ ба беш аз 32 миллиард сомонӣ дар се соли оянда барномарезӣ кардааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Тоҷвик, бар ин асос дар соли 2021 бахши даромадии буҷети ҳукумати Тоҷикистон ба 27 миллиарду 600 миллион сомонӣ, соли 2022 ба 30 миллиарду 900 миллион сомонӣ ва дар соли 2023 ба 32 миллиарду 800 миллион сомонӣ хоҳад расид.

Ин дар ҳоле аст, ки дар 9 моҳи нахусти имсол ба далели шуюъи вируси корона бахши даромадии буҷети ҳукумати Тоҷикистон 16 миллиарду 500 миллион сомонӣ буда, ки 565 миллион сомонӣ камтар аз барнома аст.

Ба гуфтаи мақомоти Вазорати молияи Тоҷикистон 70 дарсади бахши даромадии буҷети ҳукумати ин кишвар аз ҳисоби пардохти андоз таъмин мешавад, ки имсол ин ҳадафгузорӣ дар паи густариши КОВИД-19 ва коҳиши фаъолиятҳои иқтисодӣ иҷроӣ нашуд.

Бештар бихонед:

 

Барчасп