Иваз шудани роҳбарони шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон
(last modified Wed, 11 Nov 2020 15:32:04 GMT )
Ноябр 11, 2020 20:32 Asia/Dushanbe
  • Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони бархе шаҳру ноҳияҳоро иваз кард
    Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони бархе шаҳру ноҳияҳоро иваз кард

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон фармонеро имзо кард, ки сарони як қатор шаҳру ноҳияҳои кишварро аз вазифа сабукдӯш ва ба ҷои онҳо дигарон таъин кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи итилорасонии раёсати  Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба фармон Эмомалӣ Раҳмон раисони шаҳрҳои Норак, Панҷакент, Конибодом, Истиқлол ва навоҳии Хуросон, Бобоҷон Ғафуров, Шаҳристон, Деваштич ва Абдураҳмон Ҷомӣ аз вазифаҳои хеш барканор ва афроди дигаре ба ҷои онон мансуб шудаанд.

Бештар ин шаҳрҳо ва навоҳӣ аз тавобеъи вилоятҳои Хатлон ва Суғд аст .

  Ҳамчунин яке аз муовинони раиси вилояти Суғд аз вазифааш барканор ва фарди дигаре ҷойгузини вай шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин се нафарро ба унвони мудирони ширкатҳои саҳҳомии ом дар дар сохтори Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон таъин кард.

Пас аз пирӯзии Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ рӯзи 11 октябри гузашта  ӯ баъзе вазирон, аз ҷумла саноат ва технологияҳои нав, захираҳои энергетикӣ ва обӣ, меҳнат ва муҳоҷиратро иваз кард.


 Бештар бихонед :