Ноябр 11, 2020 22:09 Asia/Dushanbe
  • Шумори беморон короноӣ дар Тоҷикистон 11 ҳазору 456 нафар расид
    Шумори беморон короноӣ дар Тоҷикистон 11 ҳазору 456 нафар расид

Шумори беморони короноӣ дар Тоҷикистон бо шиносоии 39 бемори ҷадид ба 11 ҳазору 456 нафар расид.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, ҳамчунин шумори ҷон бохтагони Ковид-19 дар Тоҷикистон то соати 19 рӯзи чоршанбе 11 ноябр бидуни афзоиш ҳамон 84 нафари пешин аст.

Аз 11 ҳазору 456 бемори гирифтори корона дар Тоҷикистон то кунун 10 ҳазору 811 нафар беҳбуд ёфтаанд.

Дар шабонарӯзи ахир 48 бемори короноӣ ҳам аз бемористонҳои Тоҷикистон мураххас шудаанд.

Барчасп