Ноябр 12, 2020 12:20 Asia/Dushanbe
  • Иттиҳоди Аврупо аз Тоҷикистон хостааст, Бузургмеҳр Ёров, вакили зиндониро озод кунад
    Иттиҳоди Аврупо аз Тоҷикистон хостааст, Бузургмеҳр Ёров, вакили зиндониро озод кунад

Иттиҳоди Аврупо аз Ҳукумати Тоҷикистон дархост кард, ки бо иҷрои мусаввабаи Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид, Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеи ба 28 соли зиндон маҳкумшудаи тоҷикро озод кунад.

Ба гузориши сомонаи “Ахбори Осиёи Марказӣ, ин дархост дар муколамаи солонаи Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон, ки рӯзи 11 ноябр аз тариқи иртиботи тасвирӣ баргузор шуд, матраҳ гардид.

Сарпарастии ҳайатҳои ду тараф дар ин муколамаро Борис Ярочевич, мудири идораи умури Осиёи Марказӣ дар камиссариёи равобити хориҷии Иттиҳоди Аврупо ва Абдуҷаббор Сатторзода, мудири шуъбаи ҳуқуқи инсон дар дафтари раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон бар ӯҳда доштанд.

Иттиҳоди Аврупо ҳамчунин аз Ҳукумати Тоҷикистон дархост кард, амнияти фаъолияти рӯзноманигоронро таъмин кунад, ба фишор алайҳи нашрияҳои мустақил поён диҳад ва аз бастани сомонаҳои интернетӣ даст бардорад.

Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеи тоҷик аз соли 2016 дар зиндон аст

Бузургмеҳр Ёров – вакили зиндонӣ

Бузургмеҳр Ёров моҳи сентябри соли 2015 пас аз қабули масъулияти дифоъ аз ҳуқуқи аъзои боздоштшудаи Ҳизби мамнуаи наҳзати исломии Тоҷикистон ва таъсиси кумитаи дифоъ дар ин замина боздошт шуд.

Додгоҳи шаҳри Душанбе октябри соли 2016 Ёровро бар асоси 5 моддаи Қонуни асосии Тоҷикистон, аз ҷумла даъвати умумӣ барои барандозии ҳукумат, барангехтани кинаву душманӣ ва даъват ба ифротгароӣ ба 23 соли зиндон бо мусодираи молу амволаш маҳкум кард.

 Изофа шудан ба ҳукми ҳабс

Дар марти соли 2017 ба иттиҳоми таҳқири намояндагони додгоҳ ва додситонӣ ду сол ба ҳабси Ёров изофа шуд.

Дар августи соли 2017 низ иттиҳоми таҳқири раисиҷумҳур, се соли дигар ба ҳабси Бузургмеҳр Ёров афзуд ва дар маҷмӯъ ҳукмаш ба 28 соли зиндон расид, аммо дар соли 2019 бар асоси қонуни афви умумӣ шаш сол аз ҳукми зиндони вай коста шуд.

Бештар бихонед:

 

Барчасп