Апрел 09, 2023 13:18 Asia/Dushanbe
  • Ташкили парвандаи ҷадиди қазоӣ зидди Бузургмеҳр Ёров вакили зиндонии тоҷик
    Ташкили парвандаи ҷадиди қазоӣ зидди Бузургмеҳр Ёров вакили зиндонии тоҷик

Парвандаи ҷадиди зидди Бузургмеҳр Ёров вакили зиндонии тоҷик ба иттиҳоми қалоби ташкил шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Азиё Плюс  вай аз зиндон ба боздошгоҳи мувақати Душанбе мунтақил шуд ин матлабро бунёди Бузургмеҳр ки дар созмони ҳуқуқии мустақар дар Полша аст эълом кард.

Ҷамшед Ёров бародари Бузургмеҳр Ёров низ баёнияи ин созмонро дар саифаи фесбуки худ бознашр кард.

Ин манбаъ навишт ин парванда бар асоси модаи 247 қисмати 4 банди а ва б қалоби дар мавориди хатарноки қонуни ҷазо ва бар асоси дархости яке аз зиндониён, ки ба ҳамроҳи Бузургмеҳр Ёров дар зиндони шаҳри Ваҳдат даврони маҳкумияти худро мегузаронад ташкил шуд.

У гуфт: Моҳият ва ҷузиёти иқдомоте, ки бар асоси он парванда зидди Бузургмеҳр Ёров вакили додгустари ташкил шуда аст ҳануз мушахас нест.

Ҷамшед Ёров навишт дар ҳоли ҳозир зиндони то поёни таҳқиқоти муқадимоти ва тасмими ниҳоӣ додгоҳ ба боздоштгоҳи мувақати шумораи 1 Душанбе мунтақил шуда аст гуфта мешавад дар модаи қонуни ҷазои нақди ё ҳабс аз 8 сол то 12 сол пешбини шуда аст.

Бузургмеҳр Ёров яке аз вакилони Тоҷикистон аст, ки аз соли 2015 дар зиндон ба сар мебарад.

Вай ба иттиҳоди қалоби, ҷаъл, тавҳин ба намоянда ва иҳонат ба додгоҳ муҷрим шинохта ва ба 28 сол зиндон маҳкум шуд.

Бар асоси қонуни авф муддати ҳабси вай 4 сол коҳиш ёфт Бузургмеҳр Ёрови 51 сола ва хатмкунанда аз донишкадаи ҳуқуқи донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст.

Барчасп