Ноябр 14, 2020 21:16 Asia/Dushanbe
  • Вазири маориф ва илми Тоҷикистон пешниҳод кард, ки донишҷӯёни тоҷик таҳсилро ба ҷои Русия дар кишвари худ идома диҳанд
    Вазири маориф ва илми Тоҷикистон пешниҳод кард, ки донишҷӯёни тоҷик таҳсилро ба ҷои Русия дар кишвари худ идома диҳанд

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон пешниҳод кард, ки донишҷӯёни тоҷик, ки наметавонанд ба донишгоҳҳои худ дар Русия барои идомаи таҳсил баргарданд, таҳсилро дар дохили Тоҷикистон идома диҳанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, Муҳаммадюсуф Эмомзода дар дидор бо намояндагони ин донишҷӯёни тоҷик гуфтааст, ки онон дар сурати тамоил ба идомаи таҳсил дар риштаҳои мавриди алоқаашон дар донишгоҳҳои Тоҷикистон, бидуни мушкил дар ин марокизи омӯзиши пазириш хоҳанд шуд.

Эмомзода таъкид кард: "Ҳукумати Тоҷикистон талоши зиёде ба харҷ дод, ки ба тарафи Русия мавзӯи имкони бозгашти донишҷӯёни тоҷикро ҳал кунад, аммо дар Русия акнкн тамоми раванди омӯзиш аз тариқи  фазои маҷозӣ роҳандозӣ шуда ва Маскав вуруди донишҷӯёни хориҷиро барои пешгири аз густариши Ковид-19 мамнӯъ кардааст."

Ахиран теъдоди зиёде аз донишҷӯёни тоҷик бо муроҷиат ба Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон ва сафорати Русия дар Душанбе эълом карданд, ки агар ба зудӣ барои таҳсил ба донишгоҳҳои Русия эъзом нашаванд, аз донишгоҳ ихроҷ хоҳанд шуд.

Ин донишҷӯён гуфтаанд, ки омӯзиш дар фазои маҷозӣ низ ба далели қатъи барқ, гаронии қиммат ва суръати поини интернет дар Тоҷикистон барои онон имконпазир нест.

Бештар бихонед: 

Барчасп