Хариди билети ҳавопаймо аз Русия ба Тоҷикистон озод шуд
(last modified Sun, 15 Nov 2020 08:02:16 GMT )
Ноябр 15, 2020 13:02 Asia/Dushanbe
  • Хариди билети ҳавопаймо аз Русия ба Тоҷикистон озод шуд
    Хариди билети ҳавопаймо аз Русия ба Тоҷикистон озод шуд

Раиси Созмони ҳавопаймоии кишварии Тоҷикистон аз озод шудани нархи билети ҳавопаймо дар парвозҳои чартерӣ аз Русия ба шаҳрҳои Тоҷикистон хабар дод.

Ба гузориши сомонаи Taj Vik, Икром Субҳонзода гуфтааст, ки барои парвозҳои чартерӣ аз Русия ба Тоҷикистон дигар ниёзе ба сабти номи қаблӣ дар сафорат ва консулгариҳо вуҷуд надорад ва коргарони муҳоҷири бекор шудаи тоҷик метавонанд аз намояндагиҳои ширкати “Сомон Эйр” ва ширкати русии Utair (ЮТэйр) билет харидорӣ кунанд.

Вай эълом кардааст, ки нархи билет барои ҳар мусофир 395 евро муқарар шудааст.

Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон эълом кардааст, ки тамоми шазрвандони ин кишвар, ки бо ин парвозҳо аз Русия ба Тоҷикистон бармегирданд бояд ба лиҳози ибтило ба корона гувоҳиномаи саломат дошта бошанд.

Ин гувоҳинома бояд чаҳор шабона рӯз қабл аз парвоз дарёфт шавад.

Бо ин ҳол кудакони зери се сол машмули ин муқаррарот намешаванд.

 

БЕШТАР БИХОНЕД:

Ширкати “Сомон Эйр” далели гаронии билети ҳавопайморо тавзеҳ дод

Ҳушдори ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” ба шаҳрвандон барои хариди билети интерентӣ