Ноябр 15, 2020 13:32 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши қиммати ангишт дар вилояти Суғд
    Афзоиши қиммати ангишт дар вилояти Суғд

Бо наздик шудани фасли зимистон ва бориши нахустин барф дар вилояти Суғд, қимати ангишт афзоиш ёфтааст.

Ба гузориши сомонаи Спутник, ба гуфтаи сокинони вилояти Суғд тайи ҳафта ахир нархи ҳар кило ангишт дар муқоиса бо як моҳи қабл 20 дарсад афзоиш ёфтааст, ки дар шароити ҷирабандии барқ, зиндагиро бо мушкил рӯба рӯ мекунад.

Бар ин асос акунун ҳар кило бо нархи 1 сомониву 70 дирам ба муштариён фурӯхта мешавад.

Ин дар ҳоле аст, ки ба гуфтаи мақомоти Суғд дар қаламрави ин минтақа шаш маъдани ангишт фаъол аст, ки тайи 10 моҳи имсол 1 миллиону 540 ҳазор тон аз ин навъи сухт тавлидшуда, ки дар муқоиса ба давраи мушобеҳи соли қабл коҳиши 25 ҳазор тониро нишон медиҳад.

Ҳамчунин ширкати давлатии Барқи Тоҷик ва маркази гармоишии Душанбе танҳо аз маъдани ангишти “Фон Яғноб” беш аз 135 миллион сомонӣ қарздоран, ки бар фаъолияти ин маъдан таъсири манфӣ мегузорад.

Аз сӯи дигар воридоти ангишт аз Қирғизистон ба далели баста шудани марзҳо дар пайи густариши вируси корона қатъ шудааст, ки ин амр муҷиби афзоиши қиммати ангишт дар вилости Суғд мешавад

 

БЕШТАР БИХОЕД:

 

 

Барчасп