Ноябр 16, 2020 12:09 Asia/Dushanbe
  • Рӯзи 16 ноябр дар Тоҷикистон рӯзи раиси ҷумҳурӣ ном гирифтааст
    Рӯзи 16 ноябр дар Тоҷикистон рӯзи раиси ҷумҳурӣ ном гирифтааст

Панҷумин соли пай дар пай дар Тоҷикистон аз 16 ноябр ба унвони рӯзи раиси ҷумҳурии ин кишвар таҷлил мешавад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Пресса.тҷ, ба муносибати 16 ноябр рӯзи раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, барномаҳои вижа аз шабакаҳои радиоӣ ва телевизионии кишвар пахш мешавад ва хабаргузориҳо ва сомонаҳои мухталиф хабари дидгоҳи чеҳраҳои сиёсӣ, фарҳангӣ ва илмиро дар ситоиш аз шахсияти Эмомалӣ Раҳмон мунташир мекунанд.

"Поён додан ба ҷанги дохилии 5 сола, барқарории сулҳу субот ва рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон". аз ҷумлаи муҳимтарин хидматҳои Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баршумурда мешавад.

Бо ин ҳол мудири анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон Абдулғанӣ Муҳаммадазимов мӯътақид аст, ки рӯзи раиси ҷумҳурӣ набояд ба "мусобиқаи чоплусӣ" табдил шавад.

Вай мегӯяд: "Мо набояд ба ин баҳона Тоҷикистонро ба ботлоқи чоплусӣ (хушомадгӯӣ) бикашонем."

Муҳаммад Азимов мефармояд: "Бидуни ин ҳама таъриф ва тамҷид низ шахсияти Эмомалӣ Раҳмон ба унвони чераи саршинос дар таърихи Тоҷикистон боқи хоҳад монд ва ниёзе ба мадҳиясароӣ монанди дарони ҳкумати амирони Бухорои собиқ, ки арзиши ин ҳама хушомадгӯиҳоро надоштанд, нест."

 

Рӯзи 16 ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд Эмомалӣ Раҳмон ба симмати Раиси маҷлиси вақти Тоҷикистон интихоб шуд, ки заминаи ба қудрат расидани вайро фароҳам сохт.

Ба ин муносибат аз соли 2016 аз ин рӯз ба унвони рӯзи раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мешавад ва 

Барчасп