Олимони тоҷик: Иддаои нашрияи бритониёӣ дуруст нест
(last modified Mon, 16 Nov 2020 08:46:27 GMT )
Ноябр 16, 2020 13:46 Asia/Dushanbe
  • Рӯзномаи бритониёии Daily Mail аз тахриби сарбанди табиии Сарез дар Тоҷикистон ҳушдор медиҳад
    Рӯзномаи бритониёии Daily Mail аз тахриби сарбанди табиии Сарез дар Тоҷикистон ҳушдор медиҳад

Сейсмологҳои тоҷик даъвои як нашрияи бритониёиро дар бораи хароб шудани сарбанди кӯли Сарез ва офати экологӣ дар Тоҷикистон рад мекунанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи ахбори Осиёи марказӣ, ахиран нашрияи бритониёии Дейли Мил (Daily Mail ) бо интишори таҳлиле аз вазъи дарёчаи Сарез дар умқи кӯҳистонҳои вилояти Бадахшони Тоҷикистон муддаӣ шудааст, ки дар сурати вуқӯи зилзилаи шадид ва шикастани садди табии Сарез зиндагии миллионҳо нафар аз сокинони Афғонистон, Ӯзбакистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Қазоқистон бо хатари нобудӣ рӯбарӯ хоҳад шуд.

 "Дар 80 соли охир дар минтақаи атрофи кӯл ягон заминларзаи шадид рух надодааст ва ҳеҷ чизи нигаронкунандае вуҷуд надорад", - гуфт Фарҳод Раҳимӣ, роҳбари Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.

Собит Неъматуллоҳов, директори Маркази геофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, инчунин таъкид кард, ки таҷҳизоти дақиқи назорат ҳолати кӯли Сарезро 24 соат назорат мекунанд ва гумон аст, ки сарбанд вайрон карда шавад.

Кӯли Сарез

Кӯли Сарез бар асари заминларзаи шадид дар соли 1911 ва афтодани як пораи калони кӯҳ дар роҳи дарёи Мурғоб, дар умқи кӯҳҳои вилояти Бадахшони Тоҷикистон, дар баландии 3263 метр аз сатҳи баҳр, ба вуҷуд омадааст.

Дарозии ин кӯл 70 км, умқи он 505 метр ва захираи об дар паси сарбанди табиии он 70 километри мукааб мебошад.

Қаблан як қатор олимони соҳаи экологӣ ҳушдор дода буданд, ки дар сурати рух додани ягон садама ва хароб шудани сарбанди кӯли Сарез бар асари заминларзаи шадид ва обхезӣ,  ҳаёти шаш миллион нафар дар Афғонистон, Тоҷикистон, Узбакистон, Туркманистон ва Қазоқистон ба таҳдидҳои ҷиддӣ  рӯ ба рӯ аст.

 

Бештар бихонед: