Ҳукумати Тоҷикистон нерӯи мутахассис надорад
Мудири корҳои Осиёи Марказӣ дар Пажӯҳишгоҳи Ҷомеаи Ҳамсуд дар Маскав набудани нерӯҳои махсусро мушкилоти ҳукумати Тоҷикистон арзёбӣ кард, ки монеи рушд ва пешрафти кишвар мешавад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, Андрей Грозин бо ишора ба таҷлили рӯзи раиси ҷумҳурии Тоҷикистон гуфтааст, ки аз хадамоти муҳим Эмомалӣ Раҳмон поён додан ба ҷанги дохилӣ дар ин кишвар дар даҳаи 1990 ва талош барои таъмини рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон аст.
Мудири умури Осиёи марказӣ дар пажӯҳишгоҳи Ҷомеаи Ҳамсуд дар Маскав афзуд: "Мушкили умдаи Раҳмон надоштани кадрҳои мутахассис аст, ки битавонанд бо ибтикори амал заминаи рушди иқтисодии Тоҷикистонро таъмин кунанд.ъ
Ба гуфтаи Грозин, бархе аз вазирон ва масъулони бахшҳои иқтисодии Тоҷикистон даҳҳо сол дар симматҳои муҳим ҳузур дошта аммо иқдоми қобили мулоҳизае накардаанд.
Дар пайи пирӯзии Раҳмон дар интихоботи раёсати ҷумҳурии рӯзи 11 октябр вай даст ба тағироти кадрӣ зад ва теъдоде аз вузарои бахшҳои иқтисодиро барканор ва афроди ҷавонтарро ҷонишини онон кард.
Ҳамчунин талошҳо барои эътоии тасҳилот ба сармоягузорони хориҷӣ, ислоҳот дар қонуни молиёт ва низоми банкии Тоҷикистон оғоз шудааст, ки метавонад заминаи рушди иқтисодии ин кишварро фароҳам кунад.
Ҳарчанд, ки Тоҷикистони манобеи энержӣ, аз ҷумла нафту газ надорад, ки ин омил низ мӯҷиби гаронии қимати сӯхт, хадамоти ҳамлу нақл ва молҳо мешавад .
Бештар бихонед: