Ноябр 18, 2020 12:21 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон дар сатҳи дониши забони англисии шаҳрвандонаш дар ҷои охирин қарор дорад
    Тоҷикистон дар сатҳи дониши забони англисии шаҳрвандонаш дар ҷои охирин қарор дорад

Тоҷикистон аз нигоҳи донистани забони англисӣ дар ҷойгоҳи садуми ҷаҳонӣ, яъне дар ҷои аз ҳама охирин қарор гирифтааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, бар асоси озмуни анҷомшуда бар мабнои барномаи 2020 EF English Proficiency Index (EF EPI),Тоҷикистон дар миёни сад кишвари ҷаҳон аз нигоҳи донистани забони англисӣ дар ҷойгоҳи охирин қарор гирифтааст.

Дар ин озмун ду миллион нафар афроди болои 18 сол аз сад кишвари ҷаҳон ширкат кардаанд.

Кишварҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Афғонистон низ дар радифи кишварҳои бо дониши бисёр поини забони англисӣ қарор доранд.

Дар бораи Туркманистон бинобар ширкат накардани шаҳрвандонаш дар озмуни забони англисӣ маълумоте нашр нашудааст.

Гуфта мешавад, ки Русия мавқеи худро дар заминаи дониши забони англисӣ дар ин санҷиш беҳтар карда, дар ҷаҳон дар ҷои 41-ум қарор гирифтааст.

 

Бештар бихонед:

Барчасп