Ноябр 18, 2020 13:49 Asia/Dushanbe
  • Барқи тоҷик барқи муштариёни қарздорро қатъ мекунад
    Барқи тоҷик барқи муштариёни қарздорро қатъ мекунад

Масъулони Ширкати давлатии барқи Тоҷикистон дастури қатъи бидуни қайду шарти барқи қарздорон дар бахшҳои саноатӣ, истеҳсолӣ ва хонагиро содир кардаанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Топ ти Ҷи, дар ин дастур, ки ба имзоии Муҳамад Ғуломзода муовини раиси Ширкати барқи тоҷик расида бар зарурати қатъи барқу оби гарми даҳҳо корхона ва маркази тавлидӣ ва муштаракони қарздори хонагӣ таъкид шудааст.

Ин иқдом ба манзури оптимизатсияи истифодаи нерӯи барқ ​​ва оби гарм ва ҷилавгирӣ аз исрофкории ин захираҳо дар Тоҷикистон равона шудааст.

Дар феҳристи марокизи тавлидӣ, ки барқу оби гарми онон қатъ хоҳад шуд, корхонаҳои сохти масолеҳи сохтмонӣ, нонвойҳо, ресторанҳо, ҳаммомҳо ва бахши хонагӣ қарор гирифтаанд.

Ин марокиз дар сурат маҳрум шудан аз барқу оби гарм маҷбур мешаванд, ки аз ангишт ба унвони сӯзишворӣ истифода кунанд.

Дар ҳамин ҳол, дар Тоҷикистон маҳдудияти истифодаи нерӯи барқ ​​дар аксари манотиқи кишвар аз охири моҳи октябр, ба ҷуз аз вилояти Бадахшон ва шаҳрҳои калон, лимити барқ аз соати 8 то 17 иҷро мешавад.

Масъулони Ширкати барқи Тоҷикистон ин иқдомро ба коҳиши шадиди захираи об дар сарбанди нерӯгоҳи Норак ва таҷдиди турбинаҳои он рабт доданд.

Бештар бихонед:

Барчасп