Муомилоти тиҷории Тоҷикистон дар соли 2020: воридоти ду баробари содирот
(last modified Wed, 18 Nov 2020 09:22:47 GMT )
Ноябр 18, 2020 14:22 Asia/Dushanbe
  • Арзиши воридоти Тоҷикистон дар соли 2020 ду баробари содирот будааст
    Арзиши воридоти Тоҷикистон дар соли 2020 ду баробари содирот будааст

Дар муомилоти тиҷории Тоҷикистон дар даҳ моҳи гузашта аз соли 2020, арзиши воридот наздик ба ду баробари содирот будааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз торнамои агентии омори Тоҷикистон, дар маҷмӯи мизони муомилоти тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар ҳашт моҳи нахусти имсол ба се миллиарду 800 миллион доллар расидааст, ки содироти як миллиарду 300 миллион доллар ва воридоти 2 миллиарду 500 миллион доллар будааст.

Ин шохис афзоишро дар муқоиса бо даври мушобеҳи соли гузашта 475 миллион доллар ё 3,3% нишон медиҳад.

Содироти сангҳои қиматбаҳо ва нимқиматбаҳо ва металлҳои қиматбаҳо аз муҳимтарин содироти Тоҷикистон ба шумор мерафтанд.

Туркия ва Қазоқистон инчунин воридкунандагони асосии маҳсулоти Тоҷикистон мебошанд.

Дар ин муддат саҳми воридоти Тоҷикистон аз Русия 30,6 фоиз, Қазоқистон 23,6 фоиз ва Чин 14,8 фоиз эълом шудааст, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл коҳиши 75 миллион доллариро нишон медиҳад.

 

Бештар бихонед: