Ноябр 19, 2020 12:29 Asia/Dushanbe
  • Шокирҷон Ҳакимов умеде ба судманд будани тағйироти кадрии ҷадид дар Тоҷикистон надорад
    Шокирҷон Ҳакимов умеде ба судманд будани тағйироти кадрии ҷадид дар Тоҷикистон надорад

Коршиноси масоили сиёсии Тоҷикистон муътақид аст, ки тағйироти кадрии ахир дар ин кишвар таҳаввули ҷадиде дар сиёстҳои калони ин кишвар эҷод намекунад.

Ба гузориши сомонаи Спутник, Шокирҷон Ҳакимов бо ишора ба 10 фармони ахири Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон барои барканорӣ ва мансуб кардани теъдоде аз мақомот ва мудирони давлатӣ, ин иқдомро як расм донист, ки ҳарсола такрор мешавад.

Ҳакимов гуфт, ҳамасола Эмомалӣ Раҳмон дар остонаи фаро расидани соли ҷадиди милодӣ, теъдоде аз мақомот ва мудирони давлатиро барканор ва афроди дигареро ҷонишини онон мекунад.

Вай афзӯд, "ин иқдом як расм аст ва афроде, ки дар симматҳои раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсати идораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрдори Хуҷанд, Истиқлол ва ноҳияи Истаравшан мансӯб шудаанд, ҳеч нақши калидӣ дар сиёсатҳои калони кишвар надоранд".

Ба гуфтаи Ҳакимов, шарти муҳим барои ин афрод надоштани тахассус ва ҳирфа, балки узвият ва вафодорӣ ба Ҳизби ҳокими халқӣ- демократӣ мебошад.

Ахиран раисиҷумҳури Тоҷикистон бо судури фармонҳое шуморе аз мақомоти ин кишвар ва раисони шаҳрҳо ва навоҳии вилояти Суғдро барканор ва афроди дигареро ба ҷои онон мансӯб кард.

 

БЕШТАР БИХОНЕД:

 

 

Барчасп