Тамоюли Тоҷикистон барои содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз хоки Қирғизистон
-
Равобити бародаронаи мавҷуд байни Душанбеву Бишкек идома хоҳад дошт
Муовини нахуствазири Тоҷикистон аз алоқаи тарафи тоҷикӣ ба содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба Қазоқистону Русия аз тариқи хоки Қирғизистон хабар дод.
Ба гузориши хабаргузории Форс, Давлатшоҳ Гулмуҳаммадзода, муовини нахуствазир ва раиси камиссиюни байнидавлатии Тоҷикистон имрӯз дар дидор бо Руслан Қазоқбоев, вазири хориҷаи Қирғизистон дар Душанбе ҳамчунин бар тавсеаи ҳамкории дуҷониба дар заминаи чорводорӣ ва тавлиди маҳсулоти зироатӣ ва ҳамчунин пешбурди тарҳҳои муштарак дар чорчӯби Сандуқи ҷаҳонии обу ҳаво таъкид кард.
Қазоқбоев, вазири умури хориҷаи Қирғизистон низ дар ин нишаст гуфт, бо тавваҷуҳ ба узвияти Қирғизистон дар низоми тарофаҳои тарҷеҳии Иттиҳоди Аврупо барои давлати Бишкек имкони таҳияи беш аз шаш ҳазор навъ маҳсул бо нархи тарофаи сифр ва ҳамчунин таомул дар содирот, воридоту содироти дубора вуҷуд дорад.
|
Тарафайн пас аз ин дидор ибрози итминон карданд, ки равобити бародаронаи мавҷуд байни Душанбе ва Бишкек ба унвони пояе барои тақвияти бештари мушорикат ва ҳусни ҳамҷаворӣ идома хоҳад дошт.
Руслан Қазоқбоев, вазири хориҷаи Қирғизистон рӯзи панҷшанбе вориди пойтахти Тоҷикистон шудааст.
Бештар бихонед:
- Имзои санади ҳамкорӣ байни Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ва Қирғизистон
- Вазири хориҷаи Қирғизистон фардо ба Тоҷикистон меояд
- Вокуниши кафили раёсати ҷумҳурии Қирғизистон ба таниши ахир дар марз бо Тоҷикистон