Зайд Саидов дархости афв аз Эмомалӣ Раҳмонро напазируфт
(last modified Fri, 20 Nov 2020 17:11:25 GMT )
Ноябр 20, 2020 22:11 Asia/Dushanbe
  • Саидов бо 26 соли маҳкумият ба зиндон дархости афв аз Эмомалӣ Раҳмонро напазируфт
    Саидов бо 26 соли маҳкумият ба зиндон дархости афв аз Эмомалӣ Раҳмонро напазируфт

Зайд Саидов, вазири собиқи саноат, фаъоли бахши хусусӣ ва раиси ҳизби сабтиномнашудаи «Тоҷикистони нав», ки ба 26 соли зиндон маҳкум шудааст, дархости афв аз Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии ин кишварро рад кардааст.

Ба гузориши сомонаи ТОП ТҶ, наздикони Зайд Саидов гуфтаанд, мақомоти Созмони зиндонҳои Тоҷикистон ба вай пешниҳод кардаанд, ки бо навиштани номае ба Эмомалӣ Раҳмон ва эътироф ба иттиҳомоташ, заминаро барои афви худ фароҳам кунад.

Зайд Саидов иттиҳомоти воридаро рад кардааст

  • Бо ин ҳол, Саидов тамоми иттиҳомоти худро сохтагӣ дониставу аз навиштани чунин номае худдорӣ кардааст.

Пеш аз ин низ Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеи тоҷикистонӣ, ки ӯ низ ба 26 соли зиндон маҳкум шудааст, чандин бор пешниҳоди мақомоти қазоии Тоҷикистонро барои навиштани нома ба Эмомалӣ Раҳмон ва дархости афв аз вай рад кардааст.

Зайд Саидов ба чӣ ҷурме зиндонӣ аст?

Зайд Саидов, вазири саноати пешини Тоҷикистон моҳи майи 2013 дар бозгашт аз Фаронса дар фурӯдгоҳи Душанбе боздошт ва тамоми амволаш мусодира шуд ва дар поёни декабри ҳамон сол ба иттиҳоми қаллобӣ, ришвахорӣ, таҷовуз ба номус ва чандҳамсарӣ ба 26 соли зиндон маҳкум шуд.

Дар августи соли 2015 Вазорати адлияи Тоҷикистон муддати маҳкумияти Зайд Саидовро ба далели сохтакории аснод ва мадорик ҳангоми сохти муҷтамаи хариди Душанбе ва хусусисозии ғайриқонунӣ дар замони вазириаш ба 29 сол афзоиш дод.

Ин дар ҳоле аст, ки Саидов тамоми ин иттиҳомотро рад кардааст.

 

 

Бузургмеҳр Ёров ҳам иттиҳомоташро напазируфтааст

Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеи тоҷикистонӣ низ, ки дархости афв аз Эмомалӣ Раҳмонро напазируфтааст, борҳо ҳамаи иттиҳомоти худро сохта ва беасос хондааст.

Ёров пас аз қабули дифоъ аз аъзои боздоштшудаи ҳизби мамнуаи наҳзат боздошт шуд

Бузургмеҳр Ёров моҳи сентябри соли 2015 пас аз қабули дифоъ аз ҳуқуқи аъзои боздоштшудаи ҳизби мамнуаи наҳзати исломии Тоҷикистон ва таъсиси кумитаи дифоъ дар ин замина дастгир ва пас аз се ҷаласаи додгоҳ ба 28 соли зиндон маҳкум шуд, ки баъдҳо ду сол аз даврони маҳкумияти ӯ коста шуд.

 

Бештар бихонед: