Боздошти се шаҳрванди тоҷик дар Санкт -Петербург
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i59262-Боздошти_се_шаҳрванди_тоҷик_дар_Санкт_Петербург
Пулиси Санкт -Петербург се шаҳрванди тоҷикро ба иттиҳоми эҷоди даргирӣ ва тахриби истгоҳи автобус дастгир кард.
(last modified 2025-09-23T13:20:16+00:00 )
Ноябр 21, 2020 15:09 Asia/Dushanbe
  • Шаҳрвандони тоҷикистонӣ дар ин низоъ ба истгоҳи автобус осеб расонданд
    Шаҳрвандони тоҷикистонӣ дар ин низоъ ба истгоҳи автобус осеб расонданд

Пулиси Санкт -Петербург се шаҳрванди тоҷикро ба иттиҳоми эҷоди даргирӣ ва тахриби истгоҳи автобус дастгир кард.

Ба гузориши "Фонтанка", ин афрод, ки 27 то 29 сол син доранд субҳи рӯзи 17 ноябр дар пайи сабқати ронандаи як автобус аз худравашон дар яке аз истгоҳҳои даруншаҳрӣ бо вай даргир шуданд, ки дар ин даргирӣ ронандаи автобус аз дорупошии мурч истифода кард.

Ба гуфтаи пулис, атбои тоҷикистонӣ дар ин низоъ ба истгоҳи автобус низ осеб расонданд.

Пулиси ноҳияи Красногвардейский барои ин афрод парвандаи ҷиноӣ ташкил додааст.

 

БЕШТАР БИХОНЕД: